Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русияро барои боздошти тазоҳургарон танқид карданд


Акс аз тазоҳуроти рӯзи 27-уми июл
Акс аз тазоҳуроти рӯзи 27-уми июл

Пулиси Русия дар як рӯз бештар аз 1300 нафар тазоҳургарро, ки ба зидди қонуншиканиҳо дар сабти номи номзадҳои интихоботӣ эътироз доштанд, дастгир кардааст. Дар ин бора созмонҳои ғайриҳукуматӣ хабар додаанд. Маъмурони пулис рӯзи 27-уми июл садҳо тазоҳургарро, ки дар назди шаҳдории Маскав ҷамъ омаданд, калтаккӯб ва дастгир карданд. Саркӯби тазоҳургарон баъди ҳаракати онҳо ба дигар гӯшаҳои Маскав идома ёфт. Онҳо ҳангоми раҳпаймоӣ “Русия бидуни Путин” шиор медоданд.

Иттиҳодияи Аврупо ва дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ истифодаи нерӯ ба зидди тазоҳургаронро “яксара” ва “беш аз ҳад” номида танқид карданд. Тазоҳургарон ба зидди қарорҳои мақомоти интихоботӣ эътироз доштанд, ки ба гуфтаи онҳо барқасдона, номзадҳои мухолифинро ба интихоботи маҷлиси Маскав роҳ надодаанд. Мақомоти интихоботӣ мегӯянд, номзадҳои мухолифин барои сабти ном дар интихобот ба қадри кофӣ имзо ҷамъ оварда натавонистанд.

Пулиси Русия гуфт, ки барои ширкат дар раҳпаймоии беиҷоза 1074 нафарро дастгир кардааст, аммо созмони мустақили ОВД-инфо гуфт, 1373 тазоҳургар боздошт шудааст. Баъзе аз ин афродро шоми 27-уми июл раҳо кардаанд. Мая Косианчич, сухангӯи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, “истифодаи беш аз ҳадди нерӯ ба зидди тазоҳургарони осоишта” нақзи ҳуқуқи бунёдӣ ба озодии баён, гирдиҳамоӣ ва ҷамъомад аст. Созмони Авфи Байналмилал ҳам мақомоти Русияро барои латкӯби тазоҳургарон маҳкум кард. Роҳ надодани чанде аз номзадҳои мухолифони давлат ба интихоботи Мосгордума то кунун сабаби чанд тазоҳурот дар пойтахти Русия шуд.

XS
SM
MD
LG