Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WHO гуфт, кӯмак расонед, то сигорро тарк кунанд


Созмони Милал мегӯяд, кишварҳои ҷаҳон сигоркаширо мушкил ва гарон кардаанд, вале ба онҳое, мехоҳанд, тарки ин одат кунанд, бояд кӯмак расонанд. Тедрос Адҳаном, раиси Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт рӯзи 26-уми июл бо нашри як баёния гуфт, “Тарки тамоку яке аз беҳтарин корест, ки фарде барои сиҳатии худаш мекунад.”

Истифодаи тамоку дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон камтар шудааст, вале афзоиши аҳолӣ шумораи онҳоро ҳамчунон зиёд нигаҳ медорад. Тақрибан 80 дар сади бештар аз 1 миллиард аҳолии тамокукаш дар ҷаҳон дар кишварҳои фақир ва дар ҳоли рушд ба мисли Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Солона ба сабаби истифодаи тамоку бештар аз 7 миллион нафар мемиранд. Бемориҳои дил, сактаи мағзӣ ва саратон, ки тамоку ба онҳо мусоидат мекунад, сабабҳои маргумири зиёд аст.

Як таҳқиқи соли 2016 нишон додааст, ки 29,9 дарсади аҳолии калонсол дар Тоҷикистон тамоку мекашанд. Тедрос Адҳаном гуфтааст, чораҳои мубориза бо тамоку, аз ҷумла кӯмак ба онҳое, ки мехоҳанд, тарк кунанд, бештар шавад. Атрофиёнро аз дуди тамоку эмин нигаҳ доранд ва бо боло бурдани нарху манъи рекламаи он, истифодаи онро коҳиш диҳанд.

XS
SM
MD
LG