"Узбекистон темир йулларӣ" ва "Қазоқистон темир жолӣ" ба созиш расиданд, ки нархи билети қатори баландсуръати "Тулпар - Талго"-ро поин баранд, ки дар масири "Тошканд-Алмато-Тошканд" ҳаракат мекунад.
Ба иттилои расонаҳои узбекӣ, мусофирон аз 1-уми августи соли равон метавонанд билетҳоро бо нархи арзон бихаранд. Барои намуна, агар билет панҷ рӯз пеш харидорӣ шавад, нархи он 25% арзон хоҳад буд.
Тавре хадамоти матбуотии "Узбекистон темир йулларӣ" иттилоъ дод, ширкат тасмим дорад, дар ояндаи наздик бори дигар поин бурдани нархи билетҳои "Тулпар-Талго" -ро баррасӣ кунад.
Қатори байналмилалии мусофирбари "Тулпар-Талго" дар масири мазкур моҳи марти соли 2017 ба ҳаракат даромад. Маросими ифтитоҳияи ин масир дар истгоҳи Алмато-2 пеш аз сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон баргузор шуд.