Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Андиҷону Фарғона ба пешвози Мирзиёев боми хонаҳоро ранг мекунанд


Раиси ноҳияи Асакаи вилояти Андиҷон Эркин Яқубов 25-уми июл дар як ҷаласа ба кормандони муассисаҳои буҷавӣ дастур додааст, ки пеш аз сафари президенти Узбекистон ба ин минтақа бомҳои канори роҳро таъмир кунанд.

Дар наворе, ки дастраси мо шуд, раиси Асака мегӯяд, интизор меравад, моҳи сентябри соли равон президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба вилояти Андиҷон сафар кунад. Яқубов ҳашари умумиеро эълом карда, ба раҳбарони муассисаҳои давлатӣ фармон додааст, то барои сафари президент омодагӣ дида, боми хонаҳои канори роҳро ранг кунанд.

Раҳбари яке аз корхонаҳои давлатии Асака гуфт, пас аз ин дастури раиси ноҳия маҷбур шуд, кормандонашро ба меҳнати иҷборӣ ҷалб кунад. "Ба мо ҳам амр шуд, ки дасти кам беруни даҳ хонаро таъмир кунем. Барои ин кор маҷбурам, даҳ рӯз кормандонро ба меҳнати иҷборӣ ҷалб ва ҳадди ақал ду миллион сӯм (230 доллар) пайдо кунам", - афзуд ӯ.

Дар ноҳияи Учкуприки вилояти Фарғона ҳам ба ҳавои гарм нигоҳ накарда, кормандони муассисаҳои буҷавиро ба рангкунии боми хонаҳо сафарбар карданд. Корманди яке аз муассисаҳои давлатии Учкуприк, ки дар ҳашар иштирок дорад, гуфт, ба боми хонаҳо рангҳои пастсифте мемоланд, ки пас аз як ҳафта дубора ба шакли пешин бархоҳанд гашт.

XS
SM
MD
LG