Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Украина зидди Русия таҳримҳои нав таҳия мекунанд


Ҳукумати Украина тасмим дорад, таҳримҳои зидди Русияро густардатар кунад. Дар ин бора девони вазирони он кишвар қарор қабул карда, ҳамакнун ин пешниҳод ба Шӯрои амнияти миллӣ ва мудофеаи Украина ирсол мешавад.

Таҳримҳои навбатӣ ба шахсони ҳуқуқие рабт хоҳанд дошт, ки дар сохтмони лӯлаи гази кишвари Краснодар - Қрим ва истихроҷи карбогидратҳо ширкат мекунанд. 24 ширкати Русия шомили таҳримҳо хоҳанд шуд.

Ҳукумати Украина ҳамзамон пешниҳод дорад, ки ширкатҳои дар Чин, Туркия, Босния ва Ҳерсоговиня сабтиномашуда ҳам шомили таҳримҳо шаванд. Ҳамаи ин ширкатҳо дар сохтмони лӯла иштирок доранд. Мақомоти Украина рӯйхати комили ширкатҳоро нашр накарданд.

Таҳримҳои мутақобил баъди ишғоли Қрим аз сӯи Русия ва пуштибонии ҷудоихоҳон дар шарқи Украина ба таври мудовим эълом мешаванд. Москва ширкаташ дар низои шарқи Украинаро борҳо рад кардааст.

Украина пештар аз ин таҳримҳои воридоти маҳсулоти русиро то охири соли 2020 тамдид карда буд. Ин таҳрим 30 декарбри соли 2015 ҷорӣ шудааст. Муҳлати таҳрими мазкур борҳо дароз шуда, шумори номгӯи маҳсулоти таҳримшуда афзудааст.

Ҳукумати Русия 18 апрели имсол нисбати Украина чанд маҳдудият ҷорӣ кард, ки миёни онҳо интиқоли нафт ва маҳсулоти нафтӣ низ ҳаст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG