Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони "Туркмангаз" аз пардохт нашудани маошашон шикоят доранд


Кормандони ширкати давлатии "Туркмангаз" дар вилояти Марии Туркманистон аз пардохт нашудани пули маошашон шикоят доранд.

Кормандони муассисаҳои давлатии дигари Марӣ низ ҳангоми нақдина кардани пули маошашон бо мушкил рӯбарӯ мешаванд. Дар ин бора хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ 23-юми июл хабар дод.

"Маоши бештари кормандони "Туркмангаз" пардохт нашудааст. Онҳо одатан то санаи 20-уми моҳ маошро мегирифтанд. Кормандон тақрибан ҳар рӯз дари муҳосибро мекӯбанд. Вале муҳосиб мегӯяд, дар ҳоли ҳозир хабаре нест ва намедонад, ҳам пул кай мешавад",-афзуд ӯ.

Ширкати "Туркмангаз" корхонаи давлатии Туркманистон аст. Дар ҳоли ҳозир талошҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ барои дарёфти назари масъулони ширкат дар ин замина бенатиҷаанд.

Кормандони муассисаҳои давлатии дигари Туркманистон низ шикоят доранд, ки наметавонанд пули маошашонро, ки ба кортҳои бонкӣ гузаронда шудааст, нақдина кунанд.

Ба гуфтаи хабарнигори радио, бештари бонкоматҳои вилоят пул надоранд ва дар назди онҳое, ки пул доранд, навбатҳои тӯлонӣ мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG