Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳ раиси пешини "Казатомпром"-ро пеш аз муҳлат аз ҳабс озод накард


Нурлан Бейсекеев, вакили мудофеи Мухтор Ҷакишев.

Додгоҳи шаҳри Семейи Қазоқистон рӯзи 24-уми июл дархости раиси пешини ширкати "Казатомпром" Мухтор Ҷакишевро дар бораи пеш аз муҳлат аз зиндон озод шуданро рад кард. Ҷакишев аз соли 2009 ба ин тараф дар зиндон аст.

Ҷакишев тариқи дурбин дар баррасии парвандааш суханронӣ кард. Вай баррасии додгоҳиро ноодилона номид ва афзуд, таҷрибааш нишон дод, ки дар додгоҳҳо "ҳақиқат маҷуд нест". Нурлан Бейсекеев, вакили мудофеи Ҷакишев дар додгоҳ гуфт, вазъи сиҳатии нафари таҳти ҳимояташ дар зиндон нохуб шудааст.

Додгоҳ пештар аз ин дархости раҳоии Ҷакишевро дар моҳи ноябри соли 2018 рад карда буд. Дар охири моҳи сентябри соли 2018 аз се ду ҳиссаи муҳлати зиндони Ҷакишев ба итмом расид ва вай ба ин далел дархости раҳоии пеш аз муҳлатро кард.

Додгоҳ дар соли 2009 ӯро бо айби фасодкорӣ 14 сол зиндонӣ кард. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ соли 2013 Ҷакишевро маҳбуси сиёсӣ эътироф карданд. Кумитаи ҳуқуқи башари СММ дар соли 2015 аз мақомоти Қазоқистон хоста буд, ки Ҷакишевро озод кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG