Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муминзод сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Ғайратшо сафир дар Полша шуд


Соҳибназар Ғайратшо ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Олмон ва Полша таъин шуд
Соҳибназар Ғайратшо ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Олмон ва Полша таъин шуд

Абдулмаҷид Муминзод бо қарори президенти Тоҷикистон рӯзи 24 июл сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумат таъин шуд. Муминзоди 40-сола ва зодаи ноҳияи Вахш аз соли 2016 то дирӯз муовини аввали сардори ин хадамот буд. Раиси пешини ин хадамот - Икромиддин Вализода баъди се моҳи кор дар ин мақом рӯзи 22 июл ба вазифаи раиси ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон таъин шуд.

Инчунин бо қарорҳои дигари президент рӯзи чоршанбе, муовинони сардори ин хадамот – Назар Одиназода ва Абдусамад Саидмуродзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа сабукдӯш шуда, Дилшод Музаффарзода ба мақоми муовини якум ва Зайдулло Мусозода муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ таъин шуданд.

Инчунин, бар асоси фармони президент, сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Полша таъин шуд.

XS
SM
MD
LG