Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев тариқи пойгоҳи низомии Русия Қирғизистонро тарк кард


Президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев ба воситаи пойгоҳи низомии Русия дар Кант ин кишварро тарк кард. Дар ин бора худи Отамбоев пеш аз парвоз дар зодгоҳаш - деҳаи Кой-Тош ба рӯзноманигорон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, қарор буд парвози ӯ ба Русия соати 11:00 сурат бигирад, вале он бо сабабҳое ба соати 12:30 ба таъхир гузошта шуд.

"Дар пойгоҳи Кант ба фурудоии ҳавопаймои шахсӣ иҷозат намедиҳанд ва ҳавопаймое, ки қарор аст, бо он парвоз кунем, низомӣ ҳам нест. Аз як ширкат аст. Дертар ба шумо муфассал хабар медиҳанд. Эҳтимол аст, аксҳо аз дохили ҳавопайморо низ дастрас кунед. Фардо соати 7 бармегардам",-афзуд ӯ.

Отамбоев пештар хабар дода буд, ки бо даъвати дӯстонаш ба Русия меравад. Вале нагуфт, ки бо кӣ мулоқот мекунад.

Мушовири Отамбоев - Кундуз Жолдубоева номи аъзои ҳайатеро, ки дар ин сафар Отамбоевро ҳамроҳӣ мекунанд, нашр кард. Ба гуфтаи ӯ, президенти пешини Қирғизистон бо ҳавопаймои махсуси ширкати "РусҶет" -- ВС: RRJ-95B ба Русия парвоз мекунад.

"Отамбоевро дар сафараш ба Русия иҷрокунандаи вазифаҳои раиси Ҳизби сотсиал-демократии Қирғизистон Асел Кодуранова, муовинони раиси ҳизб Муродалӣ Мадеминов, Ирина Карамушкина ва Кундуз Жолдубоева, намояндаи расмии ҳизб дар Русия Темирлан Султонбеков ҳамроҳӣ мекунанд",-изҳор дошт вай.

Вазорати умури дохилии Қирғизистон се бор Отамбоевро ба бозпурсӣ даъват кард. Вале ӯ ҳозир нашуд. Вакили дифои Отамбоев гуфт, даъвати шахси зери ҳимояаш ба бозпурсӣ ғайриқонунӣ аст, чун ӯ ҳанӯз ҳам аз унвони президенти пешин ва дахлнопазирӣ бархурдор аст.

XS
SM
MD
LG