Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сокинони канораҳои Ишқобод бе оби ошомиданӣ монданд


Минтақаҳои аҳолинишини канораҳои шаҳри Ишқободи Туркманистон бе оби ошомиданӣ монданд. "Деҳаи Гокҷе дар минтақаи ғарбии шаҳри Ишқобод рӯзи панҷум аст, ки об надорад. Мақомот ваъда кардаанд, ки рӯзҳои наздик мушкилро ҳал мекунанд",-гуфт як сокини шаҳри Ишқобод.

Дар деҳаҳои Ясмансалиқ ва Херрикгала низ чандин рӯз инҷониб оби ошомиданӣ мавҷуд нест. "Субҳу шом дусоатӣ об медиҳанд. Ҳар касе зарф дорад, обро захира мекунад. Бархеҳо дар обанборҳои калон об мегиранд", - гуфт як сокини дигар.

Дар деҳаҳои мазкур ҳудуди 6 ҳазор хонавода зиндагӣ мекунад.

Ин дар ҳолест, ки имрӯзҳо гармии ҳаво дар шаҳри Ишқобод ба 40 дараҷа мерасад.

XS
SM
MD
LG