Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: "Масъалаи тамдиди мӯҳлати нав кардани шиносномаҳо дар ҳоли баррасист"


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи дароз кардани мӯҳлати нав кардани шиносномаҳоро баррасӣ дорад. Бар асоси як қарори ҳукумат шаҳрвандони Тоҷикистон барои бақайдгирии симкортҳо бояд шиносномаи худро ба шиносномаи плостикии намунаи соли 2014 иваз кунанд. Мӯҳлати иваз кардани шиноснома то 15-уми август муқаррар шудааст ва садҳо нафар натавонистанд то ин муддат шиносномаи худро иваз кунанд.

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ рӯзи 23-юми июл гуфт, масъалаи дароз кардани мӯҳлати иваз кардани шиносномаҳоро бо Дастгоҳи иҷроияи Президент баррасӣ доранд. Вазири корҳои дохилӣ гуфт, чанд рӯз қабл дар пайи муроҷиати шаҳрвандон чандин тан аз кормандони Хадамоти шиносномадиҳиро барои роҳ додан ба камбудиҳо, муҷозот кардааст.

Раҳимзода гуфт, камбудиҳои аслӣ дар бахшҳои шиносномадиҳӣ бартараф шудааст ва ӯ аз зердастонаш талаб кард то бо мардум хушмуомила бошанд.

Масъалаи табдили симкортҳо аз тирамоҳи соли гузашта як масъалаи бисёр доғ дар Тоҷикистон шуд. Мақомот он замон гуфтанд, барои таъмини амнияти миллӣ ва сӯистифода нашудани симкортҳо, бояд ҳамаи онҳоро аз нав ба номи соҳибонашон ва бо шиносномаҳои нав сабт кунанд.

Вале бархе ҳукуматро ба он муттаҳам мекарданд, ки барои пур кардани будҷа ва пайдо кардани манбаи даромад, ин роҳро пеш гирифтааст. Ин гурӯҳ сабти номи дубораи симкорт бо шиносномаи навро зарур намедонанд ва зарбае ба кисаи худ меҳисобанд.

XS
SM
MD
LG