Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод барои таҳрими даҳҳо корманди ФСБ-и Русия


Маллоҳони Украина дар толори додгоҳи Русия

Гурӯҳе аз вакилони амрикоӣ санадеро барои баррасӣ пешниҳод кардаанд, ки таҳрим кардани чанде аз кормандони ФСБ, Хадамоти Федеролии Амнияти Русияро дар назар дорад. Ин кормандон дар боздошти 24 маллоҳи украинӣ дар наздикии гулӯгоҳи Керч нақш доранд. Муаллифони тарҳи санад рӯзи 18-уми июл гуфтанд, ки ҳадаф аз таҳияи тарҳ таҳрими 24 узви баландпояи ФСБ ва шарикони онҳо аст.

Вакилони демократ Марсӣ Кейптер, Майк Куили ва вакилони Ҳизби Ҷумҳурихоҳ, Эндӣ Ҳаррис ва Брайан Фитзпатрик дар як баёнияи муштарак гуфтанд, “Амрико ҳамчунон ҳамлаи хатарноки Русия ба нерӯҳои баҳрии Украина ва боздошти ғайриқонунии 24 маллоҳи украиниро маҳкум мекунад. Дар баёния омадааст, ин ҳодисаҳо, силсилаи қадамҳои бадхоҳонаи Русия барои зери хатар гузоштани ҷараёнҳои демократии Украина ва назми байналмилалӣ аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Деҳи ман: Лайрони боло дар Сангвор
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:42 0:00
XS
SM
MD
LG