Пайвандҳои дастрасӣ

Фармони нави Путин барои ошуфта кардани Зеленский?


COMBO – Ukrainian President Volodymyr Zelensky (L) and Russian President Vladimir Putin

Раиси ҷумҳур Владимир Путин бо имзои як фармон, гирифтани ҳаққи шаҳрвандии Русияро барои сокинони вилоятҳои Донестк ва Лугански Украинаро осонтар кард. Аз ин пеш ва баъд аз пирӯзии Володимир Зеленский дар интихоботи президентии Украина дар рӯзи 21-уми апрел Путин қарореро содир карда буд, ки ба сокинони баъзе аз минтақаҳои ду вилоят имкон медод, ба осонӣ шаҳрвандии Русияро бигиранд. Ин минтақаҳо дар дасти ҷудоиталабони тарафдори Русия ҳастанд.

Ҳоло тамоми сокинони ҳарду вилоят ин ҳақро пайдо карданд. Қарорҳои Русияро Украина ва кишварҳои ғарбӣ танқид карда ва гуфтаанд, ки он нақзи истиқлолияти Украина аст ва Русия аз ин роҳ мехоҳад, Зеленскийро ошуфта ва ҳимояти мардумӣ аз ӯро кам кунад. Украина гуфтааст, шиносномаҳои русиро, ки бар асоси ин қарорҳо додаанд, қонунӣ намешуморад.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG