Пайвандҳои дастрасӣ

Доналд Трампро барои "хато" танқид карданд


Доналд Трамп

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, барои ноогоҳӣ дар бораи тарҳрези ҳамлаҳои террористӣ дар шаҳри Бомбайи Ҳинд дар соли 2008 зери танқид монд. Ӯ гуфт, ки мақомоти Покистон баъд аз 10 соли ҷустӯҷу дар ниҳоят Ҳафиз Саидро дастгир карданд, ҳарчанд ин ифротгаро дар Покистон озодона зиндагӣ мекард.

Мақомоти Покистон рӯзи 17-уми июл гуфтанд, ки Ҳафиз Саидро, ки дар бомбгузорӣ ва қатли 166 нафар муттаҳам мешавад, боздошт кардаанд. Боздошт як рӯз пеш аз мулоқоти Имрон Хон нахуствазири Покистон бо мақомоти баландпояи Амрико сурат гирифт. Имрон Хон ваъда додааст, ки гурӯҳҳои тундрави исломиро саркӯб мекунад.

Доналд Трамп аз боздошти Ҳафиз Саид истиқбол кард ва гуфт, мақомоти Покистон ӯро бо фишори ҳукумати Амрико дастгир кардаанд. Доналд Трамп дар Твиттер навишт, “Баъди 10 соли ҷустӯҷу тарҳрези ҳамлаҳои террористӣ дар Бомбай дар Покистон дастгир шуд. Аммо Ҳафиз Саид дар ин солҳо гоҳо дар зиндон ва гоҳо дар озодӣ буд ва ҳатто дар гирдиҳамоиҳо суханронӣ кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG