Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишқобод ҳанӯз ҳам ба мошинҳои боркаши Тоҷикистон иҷозаи убур намедиҳад


Туркманистон давоми ним соли охир аст, ки ба мошинҳои боркаш ва қатораҳои Тоҷикистон иҷозаи убур кардан аз марзашро намедиҳад.

Ба иттилои хабаргузории "Азия-Плюс", мақомоти Тоҷикистон ба ронандагон машварат додаанд, ки бо тай кардани масири тӯлонитар Туркманистонро давр зананд.

"Мо ин мушкилро бо ду масири алтернативӣ ҳал кардем, ки ҳоло мошинҳои боркаши мо бе монеа ҳаракат доранд",-гуфт Суҳроб Мирзоев, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Вай рӯзи 17 июл хабар дод, ки бо мақомоти Озарбойҷон ва Гурҷистон мувофиқа ҳосил шуд ва мошинҳои боркаш аз ин масир ҳаракат мекунанд.

Ибтидои моҳи феврали соли ҷорӣ Туркманистон ҳаракати қатораҳо ва мошинҳои боркаши Тоҷикистонро аз масираш манъ кард. Даҳҳо мошини боркаш ва 108 қатори Тоҷикистон дар марзи Эрону Туркманистон дар монданд.

XS
SM
MD
LG