Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳунармандони узбекро ба эфири телевизион роҳ надоданд


Ҷаҳонгир Фозилҷонов.
Ҷаҳонгир Фозилҷонов.

Раҳбарияти телевизиони хусусии "Zo’rTV"-и Узбекистон қарор кардааст, ки сароянда Ҷаҳонгир Фозилҷонов ва ҳунарманд Ҳалима Иброҳимова аз 12 июли соли равон дигар ба эфир роҳ дода нашаванд. Ду ҳунарманд барномаи фароғатиеро дар телевизиони мазкур пеш мебурданд.

Ба гуфтаи як корманди телевизион, ҳамчунин сурудҳои Райҳон Ғаниева ва Зиёда Қобила аз эфир гирифта шуданд.

Бархе аз афроди огаҳ аз шоу-бизнеси узбек мегӯянд, ин ҳунармандон баъди ҷонибдорияшон аз Гулнора Каримова, духтари зиндонии президенти пешини Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба "рӯйхати сиёҳ" ворид карда шудаанд.

Намояндаи иттиҳодияи давлатии "Узбекконсерт", ки фаъолияти ҳунармандонро дар Узбекистон назорат мекунад, гуфт, ин чораандешӣ муваққатӣ хоҳад буд.

Як корманди Zo’rTV ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, раҳбарияти телевизион "дастури шифоҳӣ" додааст, ки Фозилҷонов ва Иброҳимова ба эфир роҳ дода нашаванд. Ҳамчунин тамоми эълонҳои бо иштироки онҳо аз эфир гирифта шуданд.

Ёдрас мешавем, 24-25 июли соли равон чеҳраҳои шинохтаи шоу-бизнеси Узбекистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маъракаеро ба ҷонибдорӣ аз Гулнора Каримова роҳандозӣ карданд. Ба гуфтаи ҳамсуҳбатони мо, ин иқдом хашми раҳбарияти "Узбекконсерт" ва Zo'r TV-ро барангехтааст.

XS
SM
MD
LG