Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркияро аз тарҳи F-35 берун карданд. Анкара гуфт, одилона нест


Як мақоми вазорати дифои Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 17-уми июл эълон кард, ки Туркия аз тарҳи сохти ҳавопаймои ҷангии F-35 берун карда мешавад.

Вашингтон қаблан борҳо ба Анқара дар бораи хариди системаи зиддимушакии С-400 аз Русия, ҳушдор дода буд. Бо вуҷуди мухолифатҳои Амрико, нахустин бахши ин системаи мушакӣ, рӯзи ҷумъа аз Русия ба Туркия интиқол ёфт.

Эллен Лорд, яке аз муовинони вазорати дифои Амрико гуфтааст, ширкатдорони тарҳи сохти ҳавопаймои ҷангии F-35 дар масъалаи берун кардани Туркия аз ин тарҳ бо Амрико ҳамназар ҳастанд ва раванди ҳазфи Туркия аз он ба таври расмӣ оғоз мешавад.

Вазорати умури хориҷии Туркия дар вокуниш аз Амрико хостааст, то аз масире, ки Анқара онро "иштибоҳ" хондааст, бозгардад, зеро ин шева "ба робитаҳои стратегӣ байни муттаҳидони НАТО зарба мезанад". Вазорати умури хориҷии Туркия афзудааст, "бетаваҷҷуҳии Амрико ба пешниҳоди мо барои ташкили гурӯҳи корӣ бо НАТО дар ин бора, нишонаи рӯшане аст, ки тарафи амрикоӣ ба ин мавзӯъ таассуб дорад ва тамоюле ба ҳалли мушкил надорад".

Туркия аз ҷумлаи кишварҳои харидори ҳавопаймоҳои F-35 буд ва узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ ё НАТО аст. Амрико мегӯяд, системаи зиддимушакии С-400 барои мубориза бо ҳавопаймо ва мушакҳои НАТО тарҳрезӣ шудааст ва метавонад маълумоти махфии ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафтаи F-35-ро ҷамъоварӣ кунад.

Туркия мегӯяд, солҳо барои дарёфти системаи зиддимушакӣ бо аъзои НАТО ва худи Амрико музокира кардааст, аммо онҳо тибқи шароити Туркия ҳозир ба додани ин системаи дифоӣ нашуданд ва ин кишвар маҷбур шудааст, ки ин аслиҳаро аз Русия бихарад.

Равобит миёни Туркия ва Амрико тайи солҳои гузашта бинобар кӯмаки Амрико ба курдҳои Ироқ ва Сурия дар ҷанг бо гурӯҳи "Давлати исломӣ", низ дучори талотум шудааст. Туркия гурӯҳҳои курди мавриди ҳимояти Амрикоро ба барномаҳои ҷудоиталабӣ дар худи Туркия муттаҳам мекунад.

XS
SM
MD
LG