Пайвандҳои дастрасӣ

Қимати шикори "Марко Поло" боло рафт


Ҳукумати Тоҷикистон нархи шикори гӯсфанди кӯҳии "Марко Поло"-ро, ки асосан хориҷиён ба он таваҷҷӯҳ доранд, боло бурдааст.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти кишвар рӯзи 16 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, нархи шикори як сар "Марко Поло" аз 40 ҳазор сомонии қаблӣ ба 55 ҳазор сомонӣ афзоиш ёфт. Ӯ таъкид намуд, имсол барои шикори 105 сар гӯсфанди "Марко Поло" квота пешниҳод шудааст, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта зиёд мебошад. Ӯ гуфт, ки ин ҷонвар ҳамеша дар ҳолати муҳоҷират ваё рафтуомад дар кӯҳистони ҳудудҳои Чину Афғонистону Покистон низ аст ва ба қавле "сарҳадро намешиносад".

Соли гузшта ҳукумати Тоҷикистон барои шикори "Марко Поло" 95 квота ҷудо намуда буд. Масъулини Кумита мегӯянд, дар ҳудуди кишвар шумори ин навъи гӯсфанд беш аз 26 ҳазор сар тахмин зада мешавад ва мавсими шикори он моҳҳои сентябр то мартро дарбар мегирад.

Ҳамроқул Аҳроров, сардори шӯъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, квота ва нархи "Марко Поло"-ро ҳукумат пешниҳод мекунад ва болоравии нархи шикор метавонад ба тағйирёбии қурби асъори миллӣ бошад.

Ҳамсӯҳбатамон гуфт, ҳисоби саршумори "Марко Поло" дар 5 сол як бор сурат мегирад ва тасмим доранд, ки имсол ҳамроҳ бо хоҷагиҳои шикорӣ, ширкатҳои хориҷӣ, Академияи илмҳо ва дигар сохторҳои марбута шумориши ин гӯсфанди нодирро анҷом диҳанд. Ӯ мегӯяд, дар шумориши навбатӣ ният доранд, ба хотири дақиқтар намудани омори гӯсфандон дар ҳуҳуди кишвар аз технологияи мусоир истифода баранд.

Аҳроров илова намуд, ки таваҷҷӯҳи хориҷиён ба "Марко Поло" зиёд аст ва маблағҳои бадастоварда аз ҳисоби шикори он ба буҷети кишвар мегузарад. Ба гуфтаи ӯ, ба шикори "Марко Поло" бештар шаҳрвандони кишварҳои Аврупову Амрико таваҷҷӯҳ доранд.

Гӯсфанди кӯҳии "Марко Поло" шомили Китоби Сурх аст ва шикораш бидуни муҷаввизи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон мумкин нест. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зист, барои шикори ғайриқонунии як сар "Марко Поло" 200 ҳазор сомонӣ ҷарима муқаррар шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG