Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъсиси "Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова"


Файзинисо Воҳидова.
Файзинисо Воҳидова.

Анҷумани муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо аз таъсиси "Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова" хабар дод. Ба гуфтаи масъулини анҷуман, ин Ҷоиза дар Вазорати адлияи Литва сабти ном шудааст ва рӯзи 16-уми июл санади расмӣ дарёфт кард.

​Ҷоиза ба афрод ва созмонҳо дар бахши дифоъ аз ҳуқуқи башар, рушди ҳамзистии мазҳабӣ ва қавмӣ, рушди озодии матбуот, мардумсолорӣ, маориф ва фарҳанг, дифоъ аз ҳуқуқи муҳоҷирон ва тақвияти сулҳу ваҳдати миллӣ, дода мешавад.

Ҷоиза ҳар сол ба як пажӯҳишгар дар бахшҳои зикршуда ва низ ба як ниҳоди фаъол дар ҳамин арсаҳо, дода мешавад. Тибқи оинномаи Ҷоиза, он дорои мақоми байналмилалӣ буда, шомили лавҳи тақдир, тандис ва маблағи пулӣ мебошад.

Маблағи ҷоиза маълум нест ва муассисон мегӯянд, ки миқдори маблағи пулӣ ҳар сол бо салоҳидиди дабирхона таъйин мегардад. Марказ ё дабирхонаи ин ҷоиза дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Вилнюс мебошад.

Ҳадаф аз таъсиси "Ҷоизаи байналмилалии Файзинисо Воҳидова" ташвиқ ва қадронӣ аз афроду созмонҳое гуфта шудааст, ки фаъолияти худро вақфи дифоъ аз ҳуқуқи башар ва озодии баён ба вижа дар Тоҷикистон ва Осиёи Миёна кардаанд.

Файзинисо Воҳидовро рӯзи 4-уми январи соли 2019 бар асари бемории илтиҳоби шуш даргузашт. Ӯ яке аз вакилони шинохтаи Тоҷикистон ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ буд, ки камбудиҳои ҳукуматро бепарда мегуфт ва бархӯрди мақомоти интизомӣ бо маҳбусон ва ҳукмҳои додрасҳоро танқид мекард.

Ӯ борҳо барои баёнияҳои тундаш ба идораҳои интизомӣ даъват шуда буд ва тавре худаш мегуфт, соли 2017 хуруҷи ӯ аз Тоҷикистон мамнуъ шуд.

XS
SM
MD
LG