Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон дар феҳристи кишварҳои маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ


Маркази пажуҳишие дар Вашингтон Қазоқистонро ба гуруҳи кишварҳое шомил кардааст, ки озодиҳои мазҳабиро маҳдуд мекунанд. Дар гузориши маркази пажуҳишии Pew Research, ки рӯзи 15 июл нашр шуд, озодиҳои мазҳабии 198 кишвар таҳлил шудааст.

Қазоқистон дар ин гузориш дар рӯйхати "маҳдудсозиҳои густарда" (6,6 ва болотар аз он) шомил шудааст. Дар ин рӯйхат Чину Эрон пешсафтар ҳастанд. Арабистони Саудӣ, Озарбойҷон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия низ дар ин рӯйтах шомиланд.

Дар гузориш омадааст, ки дар Қазоқистон бидуни мувофиқат ба мақомоти расмӣ таҳия, нашр ва паҳнсозии адабиёти динӣ манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, Қазоқистон дар қатори кишварҳое шомил шудааст, ки камтарин низоъҳои иҷтимоиро бо баҳонаҳои мазҳабӣ доранд. Таҳлилгарони маркази мазкур менависанд, низоъҳои иҷтимоӣ дар заминаи мазҳабӣ сар аз соли 2007 ба ин тараф дар ҷаҳон бештар шудааст.

Pew Research Center - маркази таҳлилии мустақилест, ки ҷомеаро дар бораи мушкилот ва тамоюлҳои ИМА ва ҷаҳон огоҳ месозад

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG