Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири адлия баёнияи раиси Хатлонро нодуруст номид


Рустами Шоҳмурод
Рустами Шоҳмурод

Вазири адлияи Тоҷикистон як баёнияи баҳсбарангези раиси вилояти Хатлон дар бораи кори занони танҳоро нодуруст хонд. Рустами Шоҳмурод дар ин бора рӯзи 16-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе сухан гуфт. Ду ҳафта аз ин пеш Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон гуфт, “аксарият мудирони шуъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оиладор нестанд. Моҳиятан бояд дар вазифаҳо онҳое фаъолият намоянд, ки оилаи солиму устувор ва намунавӣ барпо кунанд.”

Вазири адлия Тоҷикистон гуфт, ингуна баҳогузорӣ дуруст нест ва афзуд: “Коргарони мо ҳастанд, ки шавҳаронашон дар вақти ҷанг ё аз беморӣ вафот карданд. Ман чӣ ин занро аз кор пеш кунам? Зан гунаҳкор нест, ки танҳо мондааст. Ин баҳогузорӣ дуруст нест.” Дар Тоҷикистон раҳбарони идораҳои сабти асноди расмӣ умдатан занон ҳастанд. Баёнияи Қурбон Ҳакимзода, ки дар нишасти вакилони мардумии вилоят садо дод, сабаби баҳс дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва танқиди раиси вилоят шуд.

Қурбон Ҳакимзода дар ҷаласаи 18-уми Маҷлиси вакилони вилоят зимни суханронӣ дар бораи оилаву талоқ дар байни аҳолӣ гуфтааст, “аксарият мудирони шӯъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳру ноҳияҳои вилоят оиладор нестанд. Моҳиятан бояд дар ин вазифаҳо онҳое фаъолият намоянд, ки оилаи солиму устувор ва намунавӣ барпо кардаанд.”

XS
SM
MD
LG