Намояндагони ИМА ва Русия рӯзи чаҳоршанбе ба хотири баррасии имзои созишномаи наве дар шаҳри Женева мулоқот хоҳанд кард, ки таслиҳоти ҳастаиро маҳдуд мекунад ва интизор меравад, Чин низ дар оянда ба он бипайвандад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба намояндагони баландпояи маъмурияти Трамп иттилоъ дод.
Кохи Сафед умедвор аст, ки дар ҷараёни гуфтугӯ дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷӣ азми Кремл ва назари раҳбарияти Русия дар робита ба созишномаи нави сеҷониба бо иштироки Чин равшан хоҳад шуд. Ин гуна созишномаро, ки ҳамагуна таслиҳоти ҳастаиро танзим мекунад, борҳо президент Доналд Трамп пешниҳод карда буд.
Аз ҷумла, президенти ИМА масъалаи мазкурро дар мулоқоти ахираш бо раҳбарони Русия ва Чин дар доираи саммити "Бистгонаи бузург" дар шаҳри Осакаи Ҷопон матраҳ кард.