Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марди 80-солаи узбекистонӣ мехоҳад донишҷӯ шавад


Сокини 80-солаи ноҳияи Ангори Узбекистон Тухтамиш Султонов ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба донишгоҳ пешниҳод кардааст.

Куҳансолтарин довталаби Донишгоҳи давлатии Самарқанд риштаи омӯзгори фанни биология ва дар бахши Академияи тиббии Тошканд дар Тирмиз кори табобатиро интихоб кардааст.

Қаблан сокинони 78 ва 72-солаи Узбекистон низ ҳуҷҷатҳои худро барои дохил шудан ба донишгоҳҳо пешниҳод карда буданд.

Дар Узбекистон имсол қоидаи наве қабул шуд, ки маҳдудияти сину солиро ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳҳо бекор карда, ба довталабон имкон медиҳад, ҳуҷҷатҳои худро якбора ба се донишгоҳ супоранд.

XS
SM
MD
LG