Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКД: Сӯхтор дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ талафоти ҷонӣ надошт


Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳодисаи сӯхтор дар як нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро шарҳ доданд. Ҳодисаи сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишвории ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки наворҳояш ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, пеш аз зуҳри 14-уми июл рух додааст.

Масъулони Вазорати умури дохилӣ мегӯянд, сӯхтор замоне сар зад, ки соҳибони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ дар вақти гармии ҳаво мошини пур аз газро ба зарфҳо холӣ мекарданд.

"Аз рӯи қоидаҳои бехатарӣ дар вақти гармӣ холӣ кардани газ мумкин нест. Аммо соҳибони нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ сарфи назар аз амрномаҳои мо газро дар гармии ҳаво холӣ карданд ва дар натиҷа расиш ба амал омада, сӯхтор сар зад",- гуфт манбаъ.

Ба гуфтаи мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ, сӯхтор 65 метри квадратии нуқтаи фурӯши сӯзишвориро нобуд кардааст. Мақомот мегӯянд, дар ин ҳодиса ягон нафар ба ҳалокат нарасидааст.

Ин дар ҳолест, ки баъзе корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ гуфтанд, ҳодисаи сӯхтор дар пайи худ қурбонии ҷонӣ дошт. Дар Беморхонаи марказии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, дар пайи ин сӯхтор ягон захмӣ ба беморхона интиқол нашудааст.

XS
SM
MD
LG