Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари мухолифи зиндонии қазоқро барои талоши ҳимоят аз падараш боздошт карданд


Духтари Арон Едигееви 66-сола, шоир ва мухолифи қазоқистониро пулис рӯзи 14 июл дар шаҳри Алмато дар пояи тандиси шоир ва мутафаккири қазоқ Абай боздошт кард.

Айдана Айдархони 27-сола, духтари Арон Едигеев дар пояи тандис иқдоми шоирона барпо кард - вай аз маҷмуаи "Дили Далв"-и падараш шеър қироат кард. Вай дар пояи тандис бо шиори "Шоир дар зиндон" ва акси падараш меистод.

Айдана Айдархон гуфт, иқдоми мазкурро ба хотири падараш амалӣ мекунад, ки баъди ҳаводиси шаҳраки Шанирак дар санаи 14 июли соли 2006 боздошт ва 18 сол зиндонӣ шудааст.

Тақрибан баъди 20 дақиқаи шуруи иқдом пулис ҳозир шуд. Пулис аз Айдана хост, ки худро муаррифӣ кунад. Баъди пешниҳоди ҳуҷҷат пулис ӯро боздошт кард.

Падари Айдана Айдархон айбҳои эъломшударо дар робита ба "ташкили бетартибиҳои оммавӣ" рад мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Низоми интиқоли пули муҳоҷирони тоҷик аз Русия тағйир меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:41 0:00
XS
SM
MD
LG