Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон 6 нафарро дар Қалъаи нав куштанд


Ҳамла дар ин вилоят рух дод

Ҷангҷӯёни Толиб бо ҳамла ба як меҳмонхонае дар шимолуғарби Афғонистон 4 маъмури пулис ва ду меҳмонро куштаанд. Чанд рӯз пештар аз ин ҳамла намояндагони ин гурӯҳи ифротӣ бо фиристодаи махсуси Амрико дар бораи сулҳ дар Афғонистон дар Қатар гуфтугӯ карданд.

Нусрат Раҳимӣ, сухангӯи вазорати умури дохилии Афғонистон гуфт, панҷ бомбгузори маргталаб рӯзи 13-уми июл ба меҳмонхонае дар шаҳри Қалъаи нав маркази вилояти Бодғис ҳамла карданд. Баъди даргирии панҷсоата маъмурони амниятӣ се нафари онҳоро кушта ва ду нафарро дастгир кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти шифохонаи Бодғис 16 нафар дар ин ҳамла захмӣ шудаанд. Муҳаммад Юсуф Аҳмадӣ, сухангӯи Толибон гуфт, дар воқеъ бомбгузорони маргталаби ин гурӯҳ ба меҳмонхона ҳамла карданд. Ҳамлаҳои паёпайи Толибон дар замоне сурат мегирад, ки Амрико саъй дорад, ин гурӯҳро ба музокироти сулҳ бо ҳукумати Афғонистон мойил карда ва ба ҷанги 18 - сола байни ду тараф хотима диҳад.

Гузоришҳои видеоӣ

Беҳрӯзҷон куҷо шуд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:24 0:00
XS
SM
MD
LG