Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳи олии Узбекистон маҳбуси сиёсии пешинро сафед накард


Додгоҳи олии Узбекистон 10-уми июл шикояти маҳбуси сиёсии пешин ва собиқ вакили Шӯрои олии Узбекистони Шӯравӣ Самандар Қуқановро қонеъ накард, ки иддао дорад, бидуни асос наздики 24 сол дар зиндон нигаҳдорӣ шудааст. Қарори зинаҳои поёнӣ дар робита ба парвандаи Қуқанов бетағйир монд.

"Низом бо рафтани Ислом Каримов низ тағйир наёфтааст. Ба ҷои он, ки маро сафед кунанд, баръакс ҳукми зинаҳои поёнии додгоҳиро дастгирӣ карданд. Ман ҳеҷгоҳ ҷинояткор набудам ва парвандаам ҳам бофта буд. Ин ҳамаро ба додрасҳо гуфтам, вале онҳо ҳукмро тағйир надоданд", - гуфт Самандар Қуқанови 73-сола.

Дар қарори Додгоҳи олии Узбекистон омадааст, ҳамаи айбҳое, ки дар доираи парванда эълом шуда буданд, тасдиқи худро ёфтанд. Қуқанов афзуд, ки ба ин қаноат нахоҳад кард ва барои сафед кардани худ муборизаро идома хоҳад дод.

Қуқанов соли 1993 бо айби талаф додани амволи давлатӣ боздошт шуд ва дар маҷмуъ наздики 24 сол дар зиндон нишаст. Ӯ ягона маҳбуси сиёсии узбек аст, ки тӯлонитарин муҳлатро дар зиндон гузарондааст.

XS
SM
MD
LG