Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти пешини Қирғизистон дубора ба бозпурсӣ даъват шуд


Хадамоти тафтишотии Вазорати умури дохилии Қирғизистон президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро дубора ба бозпурсӣ даъват кард. Дар ин бора ҷонибдорони Отамбоев хабар доданд.

Кормандони пулис дубора ба хонаи президенти пешини Қирғизистон дар маҳаллаи Кой-Таш даъватнома бурдаанд. Дар он гуфта шудааст, ки Отамбоев барои бозпурсӣ ба ҳайси шоҳид ба хадамоти тафтишотӣ даъват мешавад.

Бори нахуст ба президенти пешини Қирғизистон 8-уми июл даъватнома фиристода буданд. Вале ӯ бозпурсиро ғайриқонунӣ номида, гуфт, ҳозир намешавад ва ҳар суоле муфаттишон доранд, метавонанд аз вакили дифоаш Сергей Слесарев бипурсанд.

Отамбоевро дар доираи кадом парванда бозпурсӣ карданианд расман гуфта намешавад. Вале вакили дифоаш мегӯяд, даъватҳо ба парвандаи ғайриқонунӣ озод кардани Азиз Батукаев рабт доранд.

Слесарев бо ирсоли як нома ба Вазорати умури дохилии Қирғизистон гуфт, шахси зери ҳимояаш ғайриқонунӣ ба бозпурсӣ даъват мешавад, зеро ӯ аз унвони президенти пешин бархурдор буда, қарори порлумон дар бораи бекор кардани ин унвон қувваи ҳуқуқӣ надорад.

Порлумони Қирғизистон 27-уми июн Алмосбек Отамбоевро аз унвони президенти пешин маҳрум ва Додситонии кули ин кишвар онро ҷонибдорӣ кард.

XS
SM
MD
LG