Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар таваллудхонаи Андиҷон беморон дар рӯи фарш хобанд


Беморони таваллудхонаи ноҳияи Марҳамати вилояти Андиҷони Узбекистон ба бахши узбекии Радиои Озодӣ акси занҳоеро фиристодаанд, ки пас аз таваллуд ҳамроҳи тифлонашон дар рӯи фарш хобанд. Дар аксҳо дида мешавад, чанд зан пас аз таваллуди кӯдак бо тифлонашон дар рӯи фарш хобанд. Аксҳо шаби 24-уми июн гирифта шудаанд.

Яке аз ҳамшираҳои таваллудхонаи ноҳияи Марҳамат тасдиқ кард, ки ин аксҳо дар беморхонаи онҳо гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, баъзе аз рӯзҳо ба далели норасоии ҷой маҷбур мешаванд, беморонро дар рӯи фарш ҷой кунанд. Вале сардухтури таваллудхонаи мазкур Матлуба Темирова хабари ҷой кардани занонро пас аз таваллуд дар рӯи фарш комилан рад кард.

"Дар беморхонаи мо чанд рӯз пеш таъмирро ба поён расонданд. Ҳуҷраҳо тоза ва равшан ҳастанд. Ҳамаи онҳо оби гарму хунук доранд. Таваллудхона барои 51 кас пешбинӣ шудааст, вале ҳоло дар он 41 бемор бистарианд. Хабарҳо дар бораи хоб рафтани беморон дар рӯи фарш ҳақиқат надоранд",-афзуд Темирова.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG