Пайвандҳои дастрасӣ

Virgin Galactic парвозҳои сайёҳиро ба кайҳон баъди як сол шуруъ мекунад


Virgin Galactic, ширкати миллиардери бритониёӣ Ричард Брэнсон тасмим дорад, баъди як сол парвозҳои сайёҳиро ба кайҳон ба роҳ монад. Фурӯши саҳмияҳои ширкат дар бозори коғазҳои қимматнок бояд амалисозии ин тарҳро имконпазир гардонад.

Ба гуфтаи мудири ширкат Хамат Палихапитӣ, чунин навъи сайёҳӣ давоми як сол фоидаовар хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир арзиши як ҷой дар ҳавопаймое, ки бояд ба кайҳон парвоз кунад, 250 ҳазор доллар баҳо дода мешавад. Давомнокии парвоз - бештар аз ду соатро дар бар мегирад.

Сарфи назар аз гаронии билетҳо, бештар аз 2,5 ҳазор одам дархости парвоз ба кайҳонро кардаанд.

Аввали соли ҷорӣ ширкати Virgin Galactic ду парвози санҷишро ба кайҳон анҷом дуд. Ҳар ду парвоз муваффақона буданд. Дар ин парвозҳо панҷ одам ширкат карданд.

Ҳавопаймои кайҳонии Virgin Galactic таҳти унвони Unity ғунҷоиши шаш мусофир ва ду халабонро дорад. Ин ҳавопаймо то 100 километр баландӣ парвоз мекунад.

XS
SM
MD
LG