Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талафот аз обхезӣ дар Иркутск зиёдтар шуд


Маҳаллаи Октябрский дар вилояти Иркутск. Акс аз рӯзи 5-уми июл.
Маҳаллаи Октябрский дар вилояти Иркутск. Акс аз рӯзи 5-уми июл.

Мақомоти Русия мегӯянд, талафот аз обхезӣ дар вилояти Иркутск дар Сибир ба 24 нафар расид. Мақомоти расмӣ гуфтанд, то рӯзи 10-уми июл марги 24 нафар дар фалокати табиӣ собит шудааст ва 9 нафари дигар ҳанӯз бенишон ҳастанд.

Баъди обхезӣ ҳамчунин ба гуфтаи мақомот, 485 нафар аз ҷумла 116 кӯдакро барои муолиҷа ба шифохонаҳо бурдаанд. Дар обхезиҳо дар вилояти Иркутск, ки рӯзи 1-уми июл шурӯъ шуд, 107 шаҳраку деҳот осеб дидаанд. Тақрибан 11 ҳазор хона вайрон шудааст ва ва 33 ҳазор нафар бехонаву дар мондаанд. Фалокати табиӣ ба иқтисоди вилоят 454 миллион доллар зиён расонидааст.

XS
SM
MD
LG