Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Норозиҳо аз ҳукми додгоҳҳо пушти дари коргоҳи Назарбоев ҷамъ шуданд


.

Даҳҳо шаҳрванди норозии Қазоқистон аз ҳукми додгоҳҳо ва амали қудратиҳо нисбат ба наздикону пайвандонашон 10 июл дар назди шуъбаи коргузории президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоев ҷамъ шуданд.

Ин афрод 9 июл дар назди бинои маъмурияти президенти Қазоқистон низ гирди ҳам омада, истеъфои раиси Додгоҳи олӣ Жакип Асанов ва мулоқот бо раисҷумҳур Қосимҷомарт Тоқаевро талаб карда буданд.

Дар назди бинои шуъбаи коргузории Назарбоев сокинон аз ноҳияҳои гуногуни Қазоқистон омада, талаб доранд, ки ба онҳо иҷозати вуруд ба биноро диҳанд, то шикояти худро пешниҳод кунанд. Вале масъулони шуъбаи мазкур аз ҷамъшудаҳо хостанд, пароканда шаванд.

Ин гуруҳи сокинони Қазоқистон мегӯянд, ба ҳеч созмону ҳаракате робита надоранд ва танҳо "адолат"-у шунида шудани ҳарфҳояшро мехоҳанд. Онҳо гуфтанд, ҳамчунин зидди "сохтакории парвандаҳо" алайҳи шаҳрвандони Қазоқистонанд.

Баъзе расонаҳо аз эҳтимоли боздошт шудани раҳбари гуруҳ Санавар Зокирова хабар медиҳанд, ки аз пойтахти Қазоқистон ба Алмато рафтааст. Таҷаммуъгарон ҳамчунин озодии ӯро талаб карданд.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG