Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамдиди мӯҳлати боздошти соҳибкори фаронсавӣ дар Русия


Филлип Делпал дар додгоҳ.
Филлип Делпал дар додгоҳ.

Додгоҳе дар Маскав мӯҳлати боздошти Филлип Делпал, бонкдори фаронсавиро тамдид кард, ки ба тақаллубкорӣ муттаҳам мешавад. Бар асоси амри додгоҳ, ӯ бояд то замони анҷоми тафтишот то 13-уми октябр дар дар боздошт бимонад.

Филлип Делпал, шарики “Баринг Восток” як ширкати хусусии молии Русия аст ва рӯзи 9-уми июл дар додгоҳ гуфт, “Ҳеҷ нияти фирор аз Русияро, ки дар он 15 сол зиндагӣ кардаам, надорам.” Ӯ афзуд: “Зиндагии ман дар Русия аст. Тарки он барои ман дуруст нест, чун маро гунаҳкор нишон медиҳад.”

Филлип Делпал муассисаи “Баринг Восток”, шаҳрванди Амрико Майкл Калвей ва дигар мудирони ширкатро моҳи феврали имсол бо иттиҳоми тақаллуби молӣ дастгир карданд. Калвей ва дигар мудирон мегӯянд, ки ҳеҷ гуноҳе накардаанд. Ӯро моҳи апрел раҳо кардаанд ва ӯ дар ҳабси хонагӣ аст. Боздошти ин афрод, сармоягузорони хориҷӣ, худи мақомоти Русия, доираҳои тиҷоратии ин кишварро нигарон кард, чун онҳо мегӯянд, сабабҳои боздошт шубҳабарангез аст.

XS
SM
MD
LG