Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шарқи Украина боз як зархариди узбекро куштанд


Дар Донбасс яке аз зархаридони дигари узбек, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷумҳурии мардумии худхондаи Донетск зидди артиши Украина меҷангид, кушта шуд.

Афсари артиши Украина Анатолий Штефан (Штирлитс) дар Telegram хабар дод, ки зархариди узбек 3 июл дар шарқи ин кишвар кушта шуд. Вай ҳамчунин акси шаҳрванди Узбекистонро нашр кард.

Ба гуфтаи Штефан, ҷасади сокини 32-солаи вилояти Навоии Узбекистон Ҳоҷиакбар Шарипов 6 июл ба ватан фиристода шуд.

Сомонаи "Миротворетс" низ аз кушта шудани Шарипов хабар додааст.

Ҷудоихоҳоне, ки бо Шарипов шинос буданд, дар шабакаи иҷтимоии "ВКонтакте" навиштанд, ки сокини вилояти Навоӣ бо лақаби "Узбек" дар ҷангҳо барои фурудгоҳи Донетск ва задухӯрдҳои Авдеевка, Блеснаву Промка иштирок карда буд.

Дар бораи узбекистониҳое, ки ба ҷонибдорӣ аз ҷудоихоҳон ё нерӯҳои ҳукуматӣ дар Украина меҷанганд, омори расмӣ мавҷуд нест.

Гузоришҳои видеоӣ

"Маро заданд, дору доданд ва таҷовуз карданд"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:35 0:00
XS
SM
MD
LG