Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суҳбату вохӯриҳои муассиси Wikileaks дар сафорати Эквадор сабт мешудаанд


Муассиси Викиликс (Wikileaks) Ҷулиан Ассанж ҳангоми будубошаш дар сафорати Эквадор дар шаҳри Лондон таҳти назорат қарор доштааст. Дар ин бора нашрияи "Эл Паис"-и Испания бо такя ба наворҳои садоӣ ва видеоие хабар дод, ки дар ихтиёр дорад.

Вохӯриҳои ӯ бо меҳмононро ширкати муҳофизатии Испания бо дархости мақомоти Эквадор сабт мекардааст.

Ба иттилои нашрия, ширкати UC Global аз соли 2012 Ассанжро таҳти назорат қарор дода, тамоми суҳбату гуфтугӯҳои ӯро сабт кардааст ва дар бораи вазъи ӯ пайваста гузориш медодааст. Ҳамчунин тамоми маълумотро ба мансабдорони Эквадор ва моликони ширкати мазкур дар Испания мефиристодааст.

Бино ба гузоришҳо, Ассанж ҳангоми суҳбату вохӯриҳо аз дастгоҳи тағйирдиҳандаи садо истифода мекардааст, то дар сурати сабт шудан шахсияташ номаълум бимонад. Муассиси Wikileaks баъзе аз вохӯриҳояшро дар ҳоҷатхонаи занонаи сафорат баргузор мекардааст.

Ассанж аз августи соли 2012 аз тарси ин ки боздошт ва ба Шветсия истирдод мешавад, дар дохили сафорати Эквадор зиндагӣ мекард. Мақомоти Эквадор моҳи апрели соли равон ҳаққи паноҳандагии Асанжро бекор карда, вайро ба мақомоти Бритониё супурданд. Ҳоло ӯро барои нақзи қоидаҳои раҳоӣ бар ивази гаравпулӣ 50 ҳафта ба ҳабс гирифтанд. Ҳамчунин масъалаи истирдодаш ба ИМА баррасӣ мешавад. Шветсия низ истирдоди Асанжро талаб карданист.

Асанж ҳамеша мегуфт, ки аз истирдод шуданаш ба ИМА ҳарос дорад. Зеро дар онҷо ӯро иттиҳомҳои ҷиддӣ мунтазир аст.

Гузоришҳои видеоӣ

“Ханда-ханда” аз Исроил ба Тоҷикистон ҳам меояд?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:13:43 0:00
XS
SM
MD
LG