Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон як мардро барои ғорати дорухона зиндонӣ карданд


Замир Кожоканов, сокини шаҳри Токмоки Қирғизистон аз дорухонае 350 доллар ғорат кард. Сарфи назар аз он ки вай ба пулис таслим шуд, додгоҳ ӯро 5 сол зиндонӣ ва 1000 доллар ҷарима кард.

Замир мегӯяд, ба он хотир дуздӣ кардааст, ки барои харидани доруҳои духтараш маблағ надошт. Аммо ба маҳзи ин ки ҷинояташро дарк кард, пушаймон шуд.

Саргузашти Замир Кожоканов дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳи корбаронро ба бор овард. Бисёриҳо изҳори умедворӣ карданд, ки додгоҳ ҳукмашро нисбати Замир сабуктар мекунад.

Модари Замир гуфт, ки дар рӯзи содир шудани ҷиноят вай ба дорухона рафт, то доруҳои духтарашро харидорӣ кунад, аммо маблағ надошт. Замир дар дорухона пешниҳод кард, ки болопӯшашро дар ивази доруҳо гарав мемонад, аммо доруфурӯш розӣ нашуд. Замир баъдтар дубора ба дорухона баргашт ва аз хазинаи дорухона наздики 350 долларро рабуд. Вай баъди чанд рӯз ба пулис таслим шуд.

Додгоҳ Замирро 5 сол зиндонӣ ва 1000 доллар ҷарима кард.

Вакилони дифои Замир гуфтанд, ба зинаҳои болоӣ шикоят мебаранд.

XS
SM
MD
LG