Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гумонбари терроризм Таурбеков дубора ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфт


Дар Қазоқистон яке аз гумонбарони парвандаи "таблиғи терроризм" ва "барангехтани бадбинӣ" Жулдизбек Таурбеков шаби 7-уми июл дубора ба бахши эҳёгарии маркази бемориҳои дили шаҳри Алмато интиқол ёфт.

Асемгул Жаугашева, модари Таурбеков гуфт, писараш чанд вақт буд, ки дар маркази мазкур табобат мегирифт, вале 6-уми июл ӯро ба боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Алмато интиқол доданд. Табибони марказ низ тасдиқ карданд, ки Таурбеков дубора бистарӣ шудааст.

Таурбеков бори аввал 29-уми июни соли равон ба шуъбаи эҳёгарӣ интиқол ёфта буд. Он замон табибон гуфта буданд, ки дар сурати сари вақт дарёфт накардани кумаки зарурии тиббӣ бемории гумонбар авҷ мегирад.

Дар доираи парвандаи мазкур зидди 9 шаҳрванди Қазоқистон айб эълом шудааст. Ин 9 нафарро кормандони Идораи амнияти Алмато моҳи октябри соли 2018 дар асоси баёноти шаҳрванд Б. К. боздошт карданд. Шаҳрванди Қазоқистон гуфтааст, гумонбарон дар гуруҳи "Аҳли суннат ва ҷамоат" дар WhatsApp "мавзуъҳои динӣ"-ро баҳс менамуданд.

Ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ, ташхиси моҳи сентябри соли 2018 муайян кард, ки дар матни мукотибаҳои гумонбарон нишонаҳои "ангехтани бадбинии динӣ" ҷой дорад. Ташхиси судӣ-динии моҳи октябри соли 2018 низ гӯё собит намудааст, ки аъзои гуруҳи мазкур ақидаҳои равияи "Салафия"-ро таблиғ мекарданд.

XS
SM
MD
LG