Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Узбекистон аз ҳоҷатхонаи бозор тифли навзодеро пайдо карданд


Дар бозори "Лолазор"-и ноҳияи Деҳнави Узбекистон аз дохили ҳоҷатхона кӯдаки навзодеро пайдо карданд.

7-уми июл дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки нишон медиҳад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва табибон ба тифли аз ҳоҷатхонаи бозори "Лолазор" пайдошуда ёрии аввалияи тиббӣ мерасонанд.

Вазорати тандурустии Узбекистон мегӯяд, табибон тавонистанд кӯдакро аз марг наҷот диҳанд ва ҳоло ӯ дар беморхонаи вилояти Сурхандарё, ки ноҳияи Деҳнав тобеи он аст, қарор дорад.

"Ҷинси кӯдак зан аст ва 3,5 кило вазн дорад. Дар ҳоли ҳозир ӯ таҳти назорати Вазорати тандурустии Узбекистон аст",-афзудааст вазорат. Дурбинҳои назоратии бозор модари кӯдакро сабт карда буданд ва мақомоти пулис тавонистанд, ӯро пайдо кунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG