Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон боздоштҳои нав сурат гирифт


Дар Рӯзи пойтахти Қазоқистон, ки 6-уми июл таҷлил шуд, дар шаҳрҳои Алмато, Нурсултон, Оқтеппа ва Чимкенти он кишвар гирдиҳамоӣ ташкил карданд ва пулис шуморе аз онҳоро боздошт намуд.

Шоҳидон аз боздошти даҳҳо одам дар ин шаҳрҳо хабар медиҳанд. Ду сокини шаҳри Алмато - Откирхон Мулкибоеви 60-сола ва Хонзода Раимқули 65-сола бо айби иштирок дар гирдиҳамоии ғайриқонунӣ муҷозот шуданд. Додгоҳ якеро 15 рӯз ҳабс ва дувумиро ҷарима кард.

Бино ба иттилои мухталиф, танҳо дар шаҳри Алмато наздики 100 одам боздошт шудааст. Мақомот то кунун боздоштҳои охирро шарҳ надодаанд.

XS
SM
MD
LG