Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанҷоли ғайб задани миллиард доллар аз Молдова баргашт


Як кумитаи порлумони Молдова бахши дуввуми таҳқиқот дар бораи гум шудани 1 миллиард доллар аз бонкҳоро нашр кард, ки сабаби варшикасти се бонки азими кишвар шуд. Александр Слусарӣ, муовини раиси порлумон ва раиси кумитаи тафтишотӣ гуфт, дар гузориш, ки рӯзи 4-уми июл нашр шуд, маълум нест, сабабгори аслии гум шудани пулҳо кист ва додситониро дар пинҳон доштани ҳақиқат муттаҳам кард.

Аудити ширкати амрикоии “Кролл”, ки моҳи марти соли 2018 нашр шуд, нишон додааст, ки бонкҳои Молдова пулҳои азимеро бидуни назорати дуруст қарз додаанд. Ба ҳамин сабаб соли 2014 се бонки Молдова муфлис шуданд ва 1 миллиард доллар ҳам ғайб зад. Бахши аввали аудити “Кролл”- ро моҳи майи соли 2015 нашр карданд ва он нишон додааст, бисёре аз пулҳо ба ҳисобҳои оффшорӣ аз ҷумла бонкҳои украиниву Латвия рафтаанд.

Вакилони мардумии Молдова Эдуард Ҳарунйен, додситони куллро танқид кардаанд, ки натавонистааст, парвандаи ғайб задани пулҳоро дуруст таҳқиқ кунад ва аз ӯ хостанд, ки истеъфо диҳад. Молдова аз кишварҳои фақиртарини Аврупост ва ғайб задани як миллиард доллар, ҷанҷоли бузургеро дар кишвар барангехт.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG