Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдуғон таркишро "шабеҳ ба ҳамлаи террористӣ" номид


Райҳонлӣ дар марз бо Сурия воқеъ аст. Суриягиҳо қитъаи марзиро убур карда вориди хоки Туркия мешаванд

Дар як таркиши мошин дар ҷанубушарқи Туркия рӯзи 5 июл се шаҳранди Сурия кушта шуданд. Ин ҳодисаро президенти Туркия Раҷаб Таиб Эрдуғон “шабеҳ ба ҳодисаҳои террористӣ” номид.

Дар ин таркиш, ки дар шаҳраки туркии Райҳонлӣ дар марз бо Сурия рух дод, як нафар маҷрӯҳ шуд.
Эрдуғон дар як изҳороти телевизиониаш гуфт, “маълум аст, ки дар дохили мошин бомба буд”. Ӯ гуфт, таҳқиқ шурӯъ шудааст ва ин ҳодиса метавонад ба терроризм рабт дошта бошад.
Оҷонсии Reuters дар нақли қавл аз манобеи амниятӣ гуфт, ки як мусофири суриягии мошин бомбгузори маргталаб буд.

Манбаъ гуфт, ки мусофирони ин мошини таркидаро барои иртиботи эҳтимолиашон бо гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” мавриди тафтиш қарор додаанд.
Райҳонлӣ макони зисти ҳазорҳо муҳоҷирони суриягӣ аст. Соли 2013 дар паи ду таркиши мошини бомбгузоришуда дар Райҳонлӣ беш аз 50 нафар, аз ҷумла панҷ кӯдак кушта шуданд.
Он замон Туркия масъулияти ин ҳодисаро ба дӯши ҳукумати Сурия вогузор кард. Димишқ иттиҳомоти Анкараро рад кардааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Бахтиёр Иброҳимов аз таронаҳои арзон то ба шӯҳрати "Гулшан"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:26 0:00
XS
SM
MD
LG