Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Федерика Могеринӣ ба Туркманистон ва Қирғизистон сафар мекунад


Рӯзҳои 6-7 июл раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо Федерика Могеринӣ ба Туркманистон ва Қирғизистон сафар мекунад. Ҳадафи асосии ташриф - иштирок дар мулоқоти 15-уми вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки 7 июл дар шаҳри Бишкек доир мешавад. Мавзӯи асосӣ - баррасии татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ мебошад. Стратегияи дуюми ИА моҳи июн аз ҷониби Шӯрои корҳои хориҷии Аврупо қабул шуд. Дар арафаи мулоқоти вазирон, рӯзи 6 июл Федерика Могеринӣ ба шаҳри Ашқобод, пойтахти Туркманистон сафар анҷом хоҳад дод ва бо Вазири корҳои хориҷии инкишвар Рашид Мередов созишномаи таъсиси Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Туркманистонро имзо хоҳад кард.

Могеринӣ инчунин бо Гулшод Мамедова, Раиси Маҷлиси Туркманистон, вохӯрӣ анҷом хоҳад дод. Дар ин бора дар иттилоияи расмии Иттиҳодияи Аврупо хабар дода шудааст. Дар шаҳри Бишкек хону Могеринӣ бо президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ва мақомоти дигари ин кишвар дидору гуфтугӯ мекунад. Дар Қирғизистон имзои Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории густурдаи Иттиҳоди Аврупо ва Қирғизистон дар назар аст. Қарор аст Могеринӣ инчунин дар ҳамоиши Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо намояндаҳои ҷомеаи шаҳрвандии Осиёи Марказӣ ҳамсӯҳбат шавад. Рӯзи 7 июл Могеринӣ дар мулоқоти вазирони хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ширкат мекунад.

Гузоришҳои видеоӣ

Нашрияи мустақил дар Хатлон аз утоқи корӣ берун шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG