Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алла Пугачева назди қатор мошинсавор рафт ва мавриди интиқод қарор гирифт


Рафтори ахири ситораи саҳнаи Русия Алла Пугачева ахиран мавриди баҳсу интиқодҳои зиёд дар шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Бахши русии Радиои Озодӣ рӯзи 4 июл навишт, ки овозхони маъруф бо нияти сафар ба шаҳри Рига ба истгоҳи Роҳи оҳани “Рижский вокзал” омад ва ба назди қатори худ, на пои пиёда, балки савори мошинаш наздик шуд. Аз дохили мошин дар назди қатори истгоҳи Роҳи оҳан ӯ, ҳамсараш – барандаи телевизион Максим Галкин ва ду фарзанди хурдсолашон берун шуданд.

Ин кори Пугачева вокунишҳои зиёди манфӣ ба бор овард ва бисёр мунаққидон овозхони номдорро барои он маҳкум карданд, ки нахост дар паҳлӯи мусофирони оддии дигар то ба қатор пиёда биравад. Ӯро дар “назарбаландӣ”, “шароити хос”, “талоши дур будан аз мардуми ом” ва ғайра гунаҳгор карда, дар муқобил аксҳои афроди маъруфу бонуфузи дигар, аз ҷумла Маликаи Бритониё Елизаветаро нашр карданд, ки пиёда ба сӯи поезд меравад.

Аз кори Алла Пугачева асосан ҳамкоронаш – ҳунармандони дигари номӣ ҳимоят карда гуфтанд, ки ба шахсияти мисли ӯ “ҷоиз нест, ки дар миёни издиҳоми мардум бо бору бағочаш ба самти қатор пиёда биравад”.

XS
SM
MD
LG