Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Умедвории Путин ба кӯмаки Итолиё дар масъалаи таҳримҳои Аврупо


Путин дар Ватикан бо попи Рум Франсис дидору гуфтугӯ кард
Путин дар Ватикан бо попи Рум Франсис дидору гуфтугӯ кард

Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки умедвор аст раҳбарияти ҳукумати популистии Итолиё ба онҳо кӯмак мекунад, ки тавассути раҳбарияти нави Иттиҳодияи Аврупо дар сабук кардани таҳримҳои зидди Русия кӯмак хоҳад кард. Путин рӯзи 4 июл дар ҷараёни конфронси якрӯза дар Рум гуфт, “умедворем, ки Итолиё пайгирона ва хеле рӯшан мавқеи худро дар бораи беҳбуди робитаҳо баён карда”, дар бораи зарурати “бозгашт ба муносибатҳои оддии миёни Русия ва тамоми Аврупо мубориза мебарад”.

Путин, ки баъди анҷоми музокирот бо нахуствазири Итолиё Ҷузеппе Конте, президент Сержио Маттарелло ва попи Рум Франсис сӯҳбат мекард, гуфт, Русия талошҳои Итолиёро барои беҳбуд ёфтани робитаҳои Иттиҳодияи Аврупо бо Маскав мушоҳида, вале айни замон дарк мекунад, ки ин талошҳо аз ҷониби бархе пойтахтҳои аврупоӣ пуштибонӣ намешаванд. Ӯ таъкид кард, ки вақте Русия бар асари таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо осеб дид, Аврупо ҳам дар паи ин дучори хисороти молӣ шуд. Раҳбарони ҳукумати ростгарои Итолиё ба беҳбуди равобит бо Русия ва президенти он Путин изҳори умедворӣ карданд.

XS
SM
MD
LG