Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти зани туркман ҳангоми фурӯши ҳероин дар Истамбул


Дар шаҳри Истамбули Туркия як зан аз Туркманистонро ҳангоми фурӯхтани маводи мухаддир дар боғ боздошт карданд.

Ба иттилои сомонаи Haberler.com, кормандони пулис аз шаҳрванди Туркманистон бо номи Гулран К. бастаҳои донаи офтобпарастеро мусодира карданд, ки дар дохилашон маводи мухаддир буд.

"Ба кормандони пулис хабар доданд, ки зане дар кӯчаи "Ҳузур Хоҷа", дар даруни боғ маводи мухаддир мефурӯшад. Кормандони пулис пас аз ҳозир шудан ба маҳалли ҳодиса ошкор карданд, ки воқеан ҳам як зан маводи мухаддир мефурӯшад. Аз зан 5,3 грамм ҳероин дарёфт ва мусодира карданд",-навиштааст манбаъ.

Ҳангоми бозҷӯӣ аз манзили зисти зан 107,9 грам ҳероин, 37 ҳазор доллар, як корд, ду туфангча бо 11 дона тир ва 30 дона тири силоҳи навъи дигар пайдо карда шудааст.

Шаҳрванди Туркманистон дар ҳоли ҳозир дар боздоштгоҳ аст.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG