Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита ба қазияи Голунов як масъули пулиси Москва барканор шуд


Иван Голунов.
Иван Голунов.

Сардори Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар ғарби Москва Андрей Широв дар робита ба қазияи боздошти рӯзноманигор Иван Голунов аз мақомаш барканор карда шуд.

Хабаргузории русии "Интерфакс" бо истинод ба Раёсати умури дохилии Москва иттилоъ дод, ки Шировро муваққатан, то ба поён расидани тафтишот сабукдӯш карданд. Пештар РБК низ хабар дода буд, ки Широв муваққатан аз мақомаш барканор шудааст. Вале тасдиқи расмии ин хабар ҳоло нашр шуд.

Дар робита ба қазияи Голунов ду генерали Вазорати умури дохилии Русия -- сардори Раёсати умури дохилӣ дар ғарби Москва Андрей Пучков ва сардори Идораи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири пойтахти Русия Юрий Девяткин аз мақом барканор гаштанд.

Иван Голуновро 6 июн маҳз зердастони Широв боздошт ва ба фурӯши маводи мухаддир муттаҳам карданд. Пулис гуфт, аз ҷузвдони Голунов ва хонааш маводи мухаддир ёфтааст. Вале дертар ин парванда қатъ карда шуд. Вазири умури дохилии Русия, рӯзи 11-уми июн гуфт, даст доштани Голунов дар ҷиноят "тасдиқ нашуд".

XS
SM
MD
LG