Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Отамбоев ба Ҷеенбеков ду моҳ муҳлат доданд


Ҷонибдорони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар поёни ҳамоиши эътирозии худ зидди ҳукумати амалкунанда қатъномаеро имзо карданд. Тазоҳургарон гуфтанд, амалҳои президенти кунунии Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков бо ваъдаҳояш, ки дар интихоботи президентии соли 2017 дода буд, созгор нестанд.

"Дар кишвар зери садои изҳоротҳои тунд дар бораи қонунҳо беқонунӣ идома дорад. Фиребу дуруғ ба абзори сиёсати давлатӣ табдил ёфтаанд. Ҳуқуқи шаҳрвандон поймол шуда, арзишҳои инсонӣ боқӣ намондаанд. Дар кишвар тақрибан низоми хонаводагии Ҷеенбековҳо ва Матраимовҳо ҳукмфармо аст",-омадааст дар қатънома.

Ҷонибдорони Отамбоев қатъи беқонунӣ, истеъфои фаврии ҳукумат, ташкили ҳукумати нав, ивази раҳбарони ниҳодҳои қудратии Қирғизистон - Додситонии кул, Кумитаи амнияту Вазорати умури дохилӣ ва раҳоии маҳбусони сиёсиро аз зиндон талаб доранд.

Ҷамъшудаҳо гуфтанд, агар талабашон дар давоми ду моҳи оянда иҷро нашавад, дар саросари Қирғизистон эътирозҳои оммавиеро бо талаби истеъфои президент ва парокандашавии порлумон ташкил мекунанд.

Гузоришҳои видеоӣ

Вазири афғон дар Тоҷикистон: Ҷанг монеаи ҷиддӣ аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:58 0:00
XS
SM
MD
LG