Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаъ: додситони пешини Узбекистон ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфт


Додситони кулли пешини Узбекистон Отабек Муродов, ки ба ҳайси гумонбари парвандаи ҷиноӣ ҳабс шуда буд, аз 28-уми июн ба ҳабси хонагӣ интиқол дода шудааст.

Манобеъ мегӯянд, баъди он ки вай ба айбҳои эъломшуда эътироф ва ҳамкорӣ бо тафтишотро ваъда кардааст, ба ҳабси хонагӣ интиқол ёфтааст. Ин иттилоъро наздикон ва ҳамкорони пешини Муродов тасдиқ карданд.

Отабек Муродов ҳаққи берун шудан аз шаҳри Тошкандро надорад ва ҳамчунин замони дар ҳабси хонагӣ будан аз истфодаи интернет ва телефони мобилӣ маҳрум аст.

Ба иттилои манобеъ, Отабек Муродови 44-сола дар сӯистифодаи мансаб ва порагириву порадеҳӣ айбдор мешавад.

XS
SM
MD
LG