Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқотҳо бо мухолифони тоҷик ва ҳомиёни ҳуқуқ дар Женева


Намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии марбут ба мухолифони тоҷик дар хориҷ мегӯянд, баргузории мулоқотҳои алоҳида бо онҳо ва намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии дохили Тоҷикистон нишондиҳандаи вазъи бади ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аст. Ҷамшед Ёров, вакили дифоъ ва намояндаи созмони Human Rights Vision Foundation дар Ҳолланд ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тибқи муқаррарот намояндагони Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал бояд қабл аз баррасии гузориши Тоҷикистон бо аъзои созмонҳои ғайриҳукуматӣ сӯҳбат кунанд ва аз онҳо дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон бипурсанд.

Ҷамшед Ёров рӯзи 2-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “Намояндагони кумита аз мо хостанд, алоҳида мулоқот кунем, чун ба гуфтаи намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистон дар сурати мулоқоти якҷоя барои онҳо дар кишвар мушкил эҷод мешавад.” Ба қавли Ҷамшед Ёров, онҳо розӣ шуданд ва мулоқотҳо бо намояндагони созмонҳои ғайриҳукуматии дохилӣ ва хориҷ аз Тоҷикистон рӯзи 1-ум ва 2-уми июл алоҳида сурат гирифт.” Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ чунин дархост “далеле шуд, ки намояндагони кумита вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро хуб бидонанд.”

Ҷамшед Ёров бародари Бузургмеҳр Ёров, вакили дифои зиндонӣ, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон зиндагӣ мекунад, гуфт, зимни мулоқот бо намояндагони Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал дар бораи парванда ба зидди бародараш қазияи худаш ва дигар ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорони гирифтори мушкил сӯҳбат кардааст. Дар шаҳри Женева айни замон нишасти 126-уми Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал идома дорад ва имрӯз дар он ҳукумати Тоҷикистон гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои риояти ҳуқуқи сиёсӣ ва мадании мардум чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Дар ҷаласа чанде аз намояндагони созмонҳои мухолифи давлати Тоҷикистон аз ҷумла 3 нафар аз Гурӯҳи 24 ширкат доранд. Нуриддин Ризоӣ, намояндаи ин гурӯҳ ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ҷаласа ҳузур хоҳанд дошт. Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ҳам барои ширкат дар нишасти кумита ба шаҳри Женева рафтааст.

XS
SM
MD
LG