Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ҳудуди 100 меҳмони як тӯй заҳролуд шуданд


Дар ҷараёни тӯйи арӯсие, ки 29 июн дар қаҳвахонаи "Мегаполис"-и шаҳри Токмоки Қирғизистон баргузор шуд, ҳудуди 100 меҳмон заҳролуд шуданд. Ба ин ҷашн 256 кас аз шаҳрҳои Токмоку Бишкек ва ноҳияи Иссиқкӯл даъват шуда буданд.

Нишонаҳои заҳролудшавӣ дар меҳмонон пас аз як рӯз - 1 июл мушоҳида шуда, рӯзи 2 июл шумори онҳо то ба 93 нафар афзоиш ёфт. 39 кас дар беморхона бистарӣ шуда, 54 тани дигар дар хона табобат мегиранд.

Табибон вазъи заҳролудшудаҳоро "вазнини миёна" арзёбӣ мекунанд.

Ниҳодҳои дахлдори Қирғизистон тафтиши ҳодисаро оғоз кардаанд ва аз ғизоҳои пешниҳодгашта барои озмоиш намуна гирифта шудааст.

Гузоришҳои видеоӣ

Пешниҳоди кумаки муҳоҷирон ба кӯдакони чаҳор деҳаи бе мактаб
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:51 0:00
XS
SM
MD
LG